Нашри «Тоҷикони Россия» дар Тоҷикистон
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).-Шурӯъ аз 5 январи соли 2012 нашри ҳафтаномаи «Тоҷикони Россия» дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаи мазкур 10 сол инҷониб, аз моҳи марти соли 2002 дар Федератсияи Русия нашр мешавад. Нашрия сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, бештар дар мавриди ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, фаъолияти ҷамъияти миллии тоҷикон, вазъи иқомати муҳоҷирони меҳнатии мо ва дигар созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон матолиб ба табъ мерасонад. Дар ин муддат «Тоҷикони Россия» тавонист дар фазои иттилоотии Русия ҷойи муносиб пайдо кунад.
То имрӯз «Точикони Россия» моҳе як маротиба бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр мешуд ва бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Хадамоти муҳочирати Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳои тоҷикони ҳудуди ин кишвар ройгон паҳн мегашт. Минбаъд нашрия бо сабку услуби тоза корро оғоз намуда, ҳафтае як маротиба дар Душанбеву Маскав дар як вақт нашр мешавад. Сардабири ҳафтанома рӯзноманигори ҷавону шинохтаи тоҷик Соҳибёри Толиб аз ҷумлаи рӯзноманигорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳҳои олии Русия гурӯҳи корӣ созмон додааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






