Нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод
Файзобод. 18 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — 17 январ дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо иштироки кормандони ВАО – и ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорони маҳаллӣ нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов зимни суханрониаш аз натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2011 маълумот дода, гуфт, ки иҷрои ҳамаи 16 намуди андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро шуда, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 8310000 сомонии ба нақша гирифташуда 8955951 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 645951 сомонӣ ва нисбат ба соли 2010 – ум 1723613 сомонӣ зиёд аст.Абдулло Ҳакимов ҳамчунин аз дастоварду камбудиҳои соли 2012 мухтасар маълумот дода, сипас саволу посухҳо байни хабарнигорон ва масъулини соҳаҳо ҷараён гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






