Нишасти матбуотӣ дар Вазорати адлия
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2011 беш аз 1 ҳазору 700 муроҷиати шаҳрвандон ба Вазорати адлияи Тоҷикистон расида ва сари вақт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Мувофиқи суханони вазир, афзоиш ёфтани теъдоди муроҷиати шаҳрвандон маънои афзудани ҳаҷми ҷинояткорию қонуншиканӣ дар кишварро надошта, баракс далели баландшавии савияи ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Соли 2011 вазорат 201 иттиҳодияи ҷамъиятиро ба қайд гирифта, дар доираи барномаи беҳдошти заминаи моддию техникии муассисаҳои ислоҳотӣ шароити маҳбусон дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ беҳтар гардонида шуд.Мувофиқи суханони Рустам Менглиев, дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб тибқи стандарти аврупоӣ боздоштгоҳҳои нав сохта шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






