Номаи миннатдорӣ аз СММ ба Фурудгоҳи Душанбе

Январь 26, 2012 14:43

Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Унвонии директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов аз намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) доир ба корҳои гурезаҳо дар Тоҷикистон, инчунин аз номи сардори намояндагии нақлиёти ҳавоии СММ дар Тоҷикистон Фирўз Солеҳов номаи миннатдорӣ расид. Дар нома аз он ки корманди Раёсати Комиссари Олии СММ доир ба корҳои гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Войчек Троян вақти гирифторӣ ба бемории сактаи дил бетаъхир бо рейси махсуси таъҷилии байналхалқӣ (international SOS company) 14 декабри соли 2011 аз фурудгоҳи Душанбе ба Истанбул интиқол дода шудааст, изҳори миннатдорӣ карда мешавад. Муаллифони мактуб барои кордонӣ ва касбияти баланд дар иҷрои вазифаҳои хеш шахсан ба Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов, ҷонишини Директори генералӣ Азиз Иброҳимов, сардори Хадамоти амнияти ҳавопаймоӣ Хайруддин Тӯраев, ҷонишини ў Фарҳод Тоҳиров, сардори шўъбаи назорати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо Николай Султонов ва муҳандиси реҷаи иҷозатномавӣ ва дохилиобъектӣ Замир Қудратов миннатдории хосса баён кардаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод.

Январь 26, 2012 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад