Оқил Оқилов бо Аюрзан Хараавч чиро баррасӣ намуд ?
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон Аюрзан Хараавч мулоқот намуд.Зимни вохурӣ вазъи кунунии робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Муғилистон ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби СҲШ баррасӣ шуд.Оқил Оқилов таъкид намуд, ки раванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Муғулистон ҷонибҳоро қаноатманд карда наметавонад, зеро нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду давлат паст мебошанд. Сарвазири кишвар афзуд, ки барои ҳар ду кишвар имконоти зиёди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва кишоварзӣ вуҷуд дорад. Ҷонибҳо омодагии хешро барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани ҳамгироию ҳамкориҳо дар саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, чорвопарварӣ, бунёди корхонаҳои коркарди пашму чарм ва корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баён намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






