О. Оқилов фаъолияти Хатлонро дар соли 2011 натиҷагирӣ кард
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон оид ба ҷамбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2011 ва вазифаҳои аҳли заҳмати вилояти Хатлон барои соли 2012 иштирок кард.Дар маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон нахуст ахбороти роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи вилоят шунида шуд.Мувофиқи маълумот соли 2011 дар вилоят асосан соҳаи кишоварзӣ рушд карда, ба андозаи 7,2 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 8 фоиз зиёд мебошад. Буҷети давлатӣ дар вилоят ба андозаи 106 фоиз иҷро шудааст.Дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ низ дар вилоят рў ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, вале мушкилоту камбудиҳо дар ҳамаи ин соҳаҳо ба андозае ҷой доранд.Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни суханронии худ изҳор дошт, ки соли 2011 натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар маҷмўъ қаноатбахш мебошанд, вале дар соли 2012 бартарфсозии камбудию мушкилоти мавҷуда бояд асоси фаъолияти рўзмарраи роҳбарони сатҳу зинаҳои гуногуни вилоятро ташкил диҳанд.Оқил Оқилов вазифаҳои асосии роҳбарият ва аҳли заҳмати вилоятро дар соли 2012 аз иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору барномаҳои Ҳукумати мамлакат иборат дониста, изҳори боварӣ намуд, ки дар соли 2012 хоҷагии халқи вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва аҳли заҳмат дар таҷлили сазовори санаҳои муҳими таърихии соли 2012 саҳми намоён мегузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






