Омодагӣ ба Наврӯз дар зимистон
Душанбе, 18 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Барои дар сатҳи баланд ва пуршукӯҳ истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ аз 21 январи соли 2012 ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида мешавад. Дар доираи баргузории шанбегиҳо он биноҳое, ки дар шафати биноҳои баландошёна ба таври ғайриқонунӣ сохта шудаанд, ба дигар маҳаллаҳо кӯчонида шуда, қитъаҳои замине, ки аз ҷониби сокинон худсарона азхуд карда шудаанд, ба тавозуни шаҳр дароварда мешаванд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе дар шанбегиҳо тамоми кормандони идораю корхонаҳо ва сокинони пойтахт иштирок намуда, дар тозагию ободонӣ ва ниҳолшинонию кабудизоркунии маҳали зист ва кӯчаю хиёбонҳо саҳм мегузоранд. Бояд тазаккур дод, ки соли равон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе бо иштироки Сарони кишварҳои форсизабон ва дигар давлатҳое, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, истиқбол мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






