Омор ба системаи муқоисашаванда гузашт
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар соли 2011 системаи омори ҷумҳурӣ пурра ба таснифоти байналмилалии намуди фаъолияти иқтисодӣ (ОКЭД) гузашт, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бо дигар мамлакатҳо муқоисашавандаанд,- иброз дошт директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Ба гуфти Б. Муҳаммадиева, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2011 ба 30,1 млрд. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 бо нархҳои муқоисавӣ 107, 4 фоизро ташкил дод. Ба гуфти Б.Муҳаммадиева, дар соли 2011 истихроҷи ангиштсанг, истеҳсоли трансформаторҳо, лампаҳои каммасраф, хишти бинокорӣ, арматура, семент, маснуоти қолинӣ, абрешим, калобаҳои пахтагин, пӯст, гӯшт, ҳасиб, маҳсулоти қаннодӣ, собуни либосшӯӣ, консервҳо, коняк, нӯшокиҳои беспирт афзоиш ёфт. Дар айни замон истеҳсоли қувваи барқ, истихроҷи газ, ашёи ғайримаъданӣ, намак, маҳсулоти макаронӣ, шароб, тамоку, бензин, мазут, пойафзоли резинӣ, сӯзишвории дизелӣ ва маҳсулоти бинокорӣ кам шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






