Осорхонаи миллӣ-ҷои дӯстдоштаи тамошобинон
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Имсол дар арафаи иди бостонии тоҷикон- Наврӯзи оламафрӯз бинои нави Осорхонаи миллӣ, ки дар шафати Парчами миллӣ қад афрохтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар айни замон ба фонди Осорхонаи миллӣ 2278 ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, тӯҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Аз 21 осорхонаи ҷумҳурӣ 1225 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд. Илова бар ин аз Осорхонаҳои вилояти Суғд 587 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нигора ба фонди осорхона ворид карда шудаанд. Ҳамзамон мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро таҳия намуданд. Аз ҷумла дар гулгашти бинои нави Осорхонаи миллӣ сохтани 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ бо суръат идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






