Озмун барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хотири рушду такомул ва пешрафти соҳаи журналистикаи тоҷик, ҳамчунин барои гиромидошти хотираи шоири ширинбаён, публитсисти оташинсухан, шахсияти қавииродаю муборизи роҳи озодию адолат Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар рушди матбуоти тоҷик хидмати босазои таърихӣ кардааст, озмун эълон мекунад. Ба озмун матолибе, ки тӯли соли 2011 ба табъ расидаанд, бояд пешниҳод гарданд. Барои ғолибони бахшҳои матбуот, телевизион, радио ва бахши тадқиқоти илмию таълимии журналистика ҷоизаҳо муайян шудаанд ва барои дарёфти ҷоиза асару матолиби аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Пешбарии матолиб баъди муҳокима аз тарафи созмонҳои аввалияи журналистони идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, кумита ва муассисаҳои телевизион ва радио, факултаҳои журналистии донишкадаву донишгоҳҳо бо дарки масъулият сурат мегирад. Ба барандагони ҷоиза унвони «Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», диплом, нишон ва мукофоти пулӣ дода мешавад.Пешбарӣ ва қабули асару матолиби довталабон то 1 марти соли 2012 сурат гирифта, маросими эълон ва қадрдонии ҷоизадорон дар рӯзи ҷашни матбуоти тоҷик -11 март доир мегардад. Асарҳо ва матолиби пешниҳодӣ то мӯҳлати муқарраргардида ба Комиссияи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 3 бояд пешниҳод гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






