Пешравиҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар соли 2011
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба воридоти маводи сӯхт ва вазъи тағйирёбии нархҳои маводи сӯзишворӣ дар бозорҳои дохилӣ аз болои субъектҳои хоҷагидори воридкунандае, ки дар бозори мол мавқеи ҳукумфармоӣ доранд, мониторинги доимӣ ба роҳ монда шудааст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Ҳамдам Тағоймуродов. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳиссаи ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Нури Дилшод» ва ҶДММ «Аноҳито» дар бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин зиёда аз панҷоҳ фоизро ташкил медиҳад. «Дар соли 2011 ба ҷумҳурӣ 207 ҳазору 534 тонна бензин, 146 ҳазору 384 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид гардид», — иброз дошт Ҳ. Тағоймуродов. Тибқи маълумоти оморӣ 97% маҳсулоти нафтии мавриди зарурати кишварро аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ворид мешавад. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ омили асосии афзоиши нархи маводи сӯхт дар бозори истеъмолии кишварро бевосита ба болоравии нархи маводи сӯхт дар корхонаҳои коркарди нафти Русия, тамоюли зиёдшавии боҷи гумрукӣ ва нархҳои биржавии ҷаҳонии нафт вобаста медонад. Бояд гуфт, ки меъёри воридоти маводи сӯхт гуногун буда, аз моҳи апрели соли ҷорӣ то инҷониб ҳаҷми воридот коҳиш ёфтааст. Дар давоми соли 2011 ба миқдори 100 ҳазор тонна с нисбат ба соли 2010 узишворӣкам ворид шудааст. Бояд гуфт, ки имрӯз дар бозори ҷумҳурӣ нархи бензини навъи А95 7 сомонию 50 дирам, навъи А80 — 6 сомонию 50 дирам ва 1 литр гази моеъ 3 сомонию 70 дирам аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






