Президент сарварони навтаъинро ба садоқат ба халқу Ватан даъват намуд

Январь 16, 2012 15:16

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт. Баъди сӯҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нурилло Орипов муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Анвар Тағоймуродов сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Мансур Бухориев Сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, Хуршед Каримов сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуданд. Дар маҷмӯъ 14 нафар дар сохторҳои гуногуни мақомоти номбаршуда ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат онҳоро ба садоқат ба халқу Ватан ва риояи адолату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ин сифатҳо дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳӣ ва дорои характери коррупсионӣ басо муҳиманд. Дар назди онҳо ва роҳбарияти ҳарду сохтори мазкур, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ва бо сифати дилхоҳ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамарӯза вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Январь 16, 2012 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!