Прокурор ба ҳабс гирифта шуд

Январь 30, 2012 11:05

Душанбе, 30 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Агентии мазкур нисбат ба прокурори шӯъбаи назорати тафтиши пешакии прокуратураи вилояти Суғд Меҳроҷ Бобоумаров бо моддаҳои 319 қ.4 (гирифтани пора), 36 қ.4 (шарикони ҷиноят), 320 қ.2 (додани пора ба мансабдор) ва 345 қ.3 (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабсро татбиқ намудааст ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.Ба иттилои манбаъ, Меҳроҷ Бобоумаров ҳамчун шахси мансабдор, бо истифода аз мақоми хизматӣ шаҳрванд «И» -ро, ки қаблан барои даст доштан дар ҷиноят ду сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, ба дафтари кориаш даъват намуда, талаб кардааст, ки дар сурати додани 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ тавассути шиносони дар суди вилояти Суғд доштааш шикояти кассатсиониашро аз болои суди шаҳри Хуҷанд ба манфиаташ ҳал мекунад. Аммо Меҳроҷ Бобоумаров баъди гирифтани 2500 доллар ваъдаашро иҷро карда натавонист ва суди вилояти Суғд ҳукми суди шаҳри Хуҷандро 14 – уми декабри соли 2011 бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшударо беқаноат мононд. Сипас маҳкумшуда «И» маблағи додаашро бозпас гирифт. Пас аз як моҳ М. Бобоумаров шаҳрванд «И»-ро аз нав ба утоқи кориаш даъват намуда, боз ҳамон маблағро барои ҳалли кор талаб намуд. Рӯзи 14 – уми январ М. Бобомуродов дар назди мағозаи «Амид» ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллар аз тарафи гурӯҳи фаврии Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия дастгир ва 2 ҳазор доллар ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирфта шуд.

Январь 30, 2012 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!