Протоколи муштарак
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) –и назди Президенти ҷумҳурӣ мулоқоти сеҷониба бо иштироки директори Агентии мазкур Рустам Назаров, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири маводи мухаддири ҶИА Муҳаммад Иброҳим Азҳар, муовини раиси Хадамоти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба назорати маводи нашъаовар Дониёр Оторбоев, сардори намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва чинояткорӣ дар шаҳри Кобули ҶИА Жан –Люк Леймаҳйу, намояндаи Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ Абдулҳамид Норов ва намояндагони минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Алӣ Саряздӣ ва Кристер Браннеурд доир гардид. Директори АНМН Рустам Назаров зимни суханрониаш иброз дошт, ки мақсад аз мулоқоти сеҷониба ташкили муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил, табодули иттилооти фаврӣ ва масъалаи тарбияи мутахассисони касбӣ мебошад. Ин вохӯрӣ дар асоси «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011 -2014», ки 7 –уми декабри соли 2011 дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена қабул шудааст, доир гардид. Мулоқоти мазкур барои таҳкими стратегияи ягона ва беҳбуди тарҳрезии ҳамкориҳо миёни ҳамаи ҷонибҳо дар минтақа минбаъд имкон хоҳад дод, то ин ки дар роҳи воридшавии мухаддирот аз Афғонистон монеаҳои самаранокро таъмин намояд. Дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи муштарак ба имзо расид. Баъди имзои Протоколи муштарак барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он хабарнигорон иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Акнун тибқи Протоколи баимзорасида вохӯрии роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






