Равобити байни Тоҷикистону Томск рушд меёбад

Январь 9, 2012 15:20

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев бо раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Томски Русия, муовини декани факултаи иқтисоди Донишгоҳи радиоэлектроникаи шаҳри Томск Сайфулло Исматуллоев баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмон дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти ҷамоаи тоҷикони шаҳр, ки беш аз 4000 нафарро ташкил медиҳад, нақл кард. Мавсуф ҳамчунин дар мавриди муносибатҳо бо маъмурият ва сохторҳои давлатии шаҳри Томск сухан ронд. Асаналӣ Карамалиев дар навбати худ зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо бисёр палатаҳои Русия, аз ҷумла бо Палатаи савдо ва саноати шаҳри Томск ҳамкорӣ дорад. Мувофиқи суханони манбаъ, сафари ҳайати тоҷирони Томск ба рушди ҳамкории мутақобилан муфид бо соҳибкорони Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Январь 9, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад