Роҳҳо таъмир мешаванд

Январь 14, 2012 11:01

Кӯлоб, 14 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Кормандони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ дар давоми як соли сипаригардида 273 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ва ҷумҳуриявиро ба маблағи 86,78 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварданд, — гуфт сардори муассисаи мазкур Қурбоналӣ Ҳикматуллоев. Муассиса барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва зимистонгузаронӣ ба миқдори 350 метри мукааб омехтаи қуму намак ва дигар маводи заруриро захира намудааст. Дар ин муддат таъмири асосии 1 км масофаи роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ба маблағи 86 ҳазору 780 сомонӣ ба анҷом расида, таъмири ҷорӣ асосан дар роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои маҳалии Душанбе — Кӯлоб – Хоруғ, Қурбоншаҳид – Темурмалик, роҳҳои маҳалии Кадучӣ — Қайнар, Гулисой, Навкорам, Пушёни боло ва дигар гузаргоҳҳо ҷараён дорад.

Январь 14, 2012 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд