Роҳбарони ВКХ ҶТ ва ҶМЧ якдигарро табрик гуфтанд

Январь 6, 2012 15:06

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – «Басо шарафмандам, ки табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро ба муносибати 20 – умин солгарди барқароршавии равобити дипломатии байни кишварҳои дӯстамон ба Шумо, Аълоҳазрат, иброз дорам», — гуфта мешавад дар табрикномаи вазири ВКХ ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ унвонии вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Ян Тзечи ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Чин.Чунонки дар табрикнома омадааст, баъди истиқлолият пайдо кардани Тоҷикистон саҳифаи нави таърихи муносибатҳои халқҳоямон кушода шуд. Чин яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияту соҳибихтиёрии миллии моро этироф намуд.Имрӯз ба муносибатҳои Тоҷикистону Чин, ки дар принсипҳои устувори баробарӣ, эҳтироми якдигар ва ба назари эътибор гирифтани манфиатҳои ҳамдигар қарор доранд, рушди босуръату сатҳи баланди ҳамкории амалӣ хосанд.Шубҳае нест, ки ин санаи пуршарафи таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Чин муҷиби рушди наву ҳар чи бештари муносибатҳои мутақобилаи мо мегардад, ки ба он ҳамбоварию фоидаи якдигар, мушорикати баробарҳуқуқ, эҳтироми гуногунии фарҳанг ва саъю кӯшиш баҳри рушди умумӣ хос аст.Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Ян Тзечи дар табрикномааш унвонии ҳамтои тоҷикистониаш қайд намуд, ки тайи 20 соли баъди барқароршавии равобити дипломатӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ҶМЧ ва ҶТ муваффақонаю самарабахш рушду густариш меёбанд. Ҷонибҳо якдигарро дар масоили сиёсӣ дастгирӣ менамуданд, ҳамкории мутақобилан муфиди иқтисодиро роҳандозӣ мекарданд, дар бахши амният ба якдигар самимона кӯмак менамуданд, дар доираи СММ, СҲШ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ зич ҳамкорӣ намуда ва бо ин васила ба ҳифзу таҳким бахшидани амнияти минтақа фаъолона ҳисса мегузоштанд. Ҷониби Чин аз натиҷаи рушди муносибатҳои дутарафа, ки дар давоми 20 соли баъди барқарор шудани муносибатҳои дипломатии ҳар ду кишварамон ба даст омадааст, қанотманд аст.Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ омода аст, ки мутобиқи принсипу мақсадҳои Шартнома оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории байни ҶМЧ ва ҶТ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ минбаъд ҳам робитаҳои зич барқарор намуда, аҳду паймонҳои сарони ҳар ду кишварро ҳамаҷониба дар амал татбиқ намуда ба рушди муттасили муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат кунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.

Январь 6, 2012 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд