Ронандагон аз маводи сӯхт шикоят доранд

Январь 10, 2012 11:25

Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо аз сабаби камшавии маводи сӯхт на фақат нарх боло баланд мешавад, балки сифати сӯзишворӣ ҳам тағйир ёфтааст, мегӯянд ронандагон. Ба гуфти ронандаи мошини сабукрави тамғаи «Ҷип – Прадо» Алӣ Устоев, ӯ дар ҳар ду моҳ як бор аз хизматрасонии техникӣ истифода мекунад. Ин дар мавридест, ки ӯ пештар дар ду – се сол ҳам як бор аз хизматрасонии стансияҳои техникӣ (СТО) истифода намекард. Бо вуҷуди он ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навъҳои он – АИ-92, АИ -95 навишта шудаст, сӯзишвории ба фурӯш баровардашуда ба ҳар ду навъ мувофиқат намекунад, зеро кашиш ва суръати мошинҳо хеле суст шудааст,- мегӯянд ронандагон.Чунин шикоятро ронандагони минтақаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа низ доранд. Натиҷаи санҷиши кормандони шӯъбаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақи Кӯлоб гувоҳи он аст, ки барои роҳ додан ба тақаллубкорӣ «Газпромнефт» соли гузашта ба андозаи 7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар айни замон дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ширкатҳои зиёд фаъолият доранд, ки 6 – тои он, аз қабили ҶДММ «Газпромнефт — Тоҷикистон», Ҷ ДММ «Нури Дилшод», ҶДММ «Аноҳито», «Озод Интернейшнл» дар кори ворид намудани сӯзишворӣ мавқеи бузург доранд. Акнун муайян карда мешавад, ки айб дар сӯзишвории воридшаванда аст ё фурӯшандагони он.

Январь 10, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд