Рушди муносибатҳои байналмилалии соҳаи геология
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Бахши геологияи Тоҷикистон муносибатҳои байналмилалиашро рушд мебахшад. Дар робита бо ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти байни Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти геологии Финляндияро маъқул ёфт. Дар нишасти матбуотӣ, ки 10 январ таҳти раёсати сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим баргузор гардид, дар ин бора сухан ронда шуд. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки мутобиқи Созишномаи байни Хадамоти геологии назди Вазорати кишоварзӣ ва захираҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои муштарак ҷиҳати таҳқиқи геологии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Чин имзо шуданд. Мувофиқи шартномаи ҳамкорӣ дар масоҳати 28 ҳазору 900 километри мураббаъ корҳои геологию кимиёвӣ анҷом ёфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






