Сӯҳбати Рустам Эмомалӣ бо Йозеф Блаттер
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустам Эмомалӣ дар ҷараёни мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод – 2012 дар шаҳри Санкт – Петербург бо президенти ФИФА Йозеф Блаттер мулоқот намуд. Роҳбари ФИФА Рустам Эмомалиро ба муносибати интихоб шуданаш ба вазифаи Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муборакбод намуд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ФИФА ва ФФТ як қатор масъалаҳоеро, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, мавриди муҳокима қарор доданд. Рустам Эмомалӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон сиёсати ФИФА – ро бо сарварии ҷаноби Блаттер, ҳамчунин ташаббусу тадбирҳоеро, ки ФИФА ҷиҳати рушди минбаъдаи футбол дар тамоми ҷаҳон меандешад, пурра дастгирӣ мекунад.Президенти ФИФА Йозеф Блаттер дар навбати худ ваъда дод, ки ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.Дар мулоқот ҳамчунин директори ФИФА оид ба ассосиатсияҳои миллӣ Терри Реженасс, менеҷери калон оид ба рушди ФИФА Ева Паске, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов ва сармуншии ФФТ Фирдавс Файзуллоев иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






