Саҳифаи наве дар тавсеаи робитаҳо

Январь 24, 2012 11:11

Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкории самарабахши вазорату идораҳои Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ дар меҳвари мулоқоти Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон ва роҳбари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз қарор дошт. Дар мулоқот ҳамзамон мусоидати парлумони Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари равобити Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ матраҳ шуд. Амиршо Миралиев аз фаъолияти густурдаи намояндагии КБСС дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки ифтитоҳи дафтари намояндагии КБСС дар соли 2010 дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон худ шаҳодати ҳамкории самарабахши Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалист. Дар соли 2011 як ҳайати КБСС ба кишвари мо ташриф оварда, бо мақомоти Тоҷикистон як силсила мулоқот анҷом дод ва дар доираи ин сафар равобити Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ раванди рӯ ба густаришро касб кард. Алҳол дар панҷ ноҳияи водии Рашт намояндагии КБСС фаъолият мекунад, ки расонидани кӯмакҳои тиббӣ аз барномаҳои аввалиндараҷаи ин кумита ба шумор меравад. А. Миралиев таъкид кард, ки роҳбарияти парлумони Тоҷикистон дар ҷараён аст, ки ин ниҳоди имдодрасон дар соли 2010 танҳо дар водии Рашт ба 22 хонавода кӯмакҳои гуногуни моддию маънавӣ расонидааст.   Роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз иброз дошт, ки ҳанӯз байни Тоҷикистон ва КБСС тамоми имконоти мавҷудаи равобит истифода нашудааст. Мо умедворем, ки ин мулоқот саҳифаи наверо дар дар равобити Тоҷикистону КБСС боз хоҳад кард, афзуд хонум Северин. 

Январь 24, 2012 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад