Саҳифаи наве дар тавсеаи робитаҳо
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкории самарабахши вазорату идораҳои Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ дар меҳвари мулоқоти Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон ва роҳбари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз қарор дошт. Дар мулоқот ҳамзамон мусоидати парлумони Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари равобити Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ матраҳ шуд. Амиршо Миралиев аз фаъолияти густурдаи намояндагии КБСС дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки ифтитоҳи дафтари намояндагии КБСС дар соли 2010 дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон худ шаҳодати ҳамкории самарабахши Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалист. Дар соли 2011 як ҳайати КБСС ба кишвари мо ташриф оварда, бо мақомоти Тоҷикистон як силсила мулоқот анҷом дод ва дар доираи ин сафар равобити Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ раванди рӯ ба густаришро касб кард. Алҳол дар панҷ ноҳияи водии Рашт намояндагии КБСС фаъолият мекунад, ки расонидани кӯмакҳои тиббӣ аз барномаҳои аввалиндараҷаи ин кумита ба шумор меравад. А. Миралиев таъкид кард, ки роҳбарияти парлумони Тоҷикистон дар ҷараён аст, ки ин ниҳоди имдодрасон дар соли 2010 танҳо дар водии Рашт ба 22 хонавода кӯмакҳои гуногуни моддию маънавӣ расонидааст. Роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз иброз дошт, ки ҳанӯз байни Тоҷикистон ва КБСС тамоми имконоти мавҷудаи равобит истифода нашудааст. Мо умедворем, ки ин мулоқот саҳифаи наверо дар дар равобити Тоҷикистону КБСС боз хоҳад кард, афзуд хонум Северин.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






