Сабзавоти тару тозаи « Тоҷикматлубот» дар фасли сармо
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар соли 2011 ба маблағи 106,7 млн. сомонӣ ба соҳа маҳсулот ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010 ба маблағи 19,8 млн. сомонӣ зиёд аст», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев. Дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи кишвар 5 ҳазору 918 тонна маҳсулоти тару тоза содир карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 117 тонна зиёдтар аст, — афзуд С. Валиев. Бояд гуфт, ки дар ин давра ба воситаи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони ҷумҳурӣ гардид. Дар соли сипаригардида аз ҷониби Иттифоқи Тоҷикматлубот бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фасли сармо 49 адад гармхона дар масоҳати 16 ҳазору 110 метри мураббаъ омода карда шуда, дар онҳо ҳосили бодиринг, помидор, карам ва кабудиҳо парвариш ёфта, 49 тоннаро ташкил намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






