Самти асосӣ — таъмини иҷрои вазифаҳои стратегӣ

Январь 28, 2012 11:25

Хоруғ, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Раиси ВМКБ Қодири Қосим дар нишасти матбуотӣ перомуни натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2011 сухан кард. Ба гуфти ӯ, буҷаи вилоят аз рӯи даромади худӣ 119,8 фоиз иҷро гардида, 2357 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба андозбандӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба соли 2010 – ум 636 нафар зиёд аст. Бонкҳои вилоят баробари 77 миллион сомонӣ маблағгузории қарзиро анҷом дода, аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ 44,5 миллион доллари ИМА интиқол дода шуд. Пасандози мардум дар Бонкҳо 62 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2010 – ум 60 фоиз зиёд аст. Дар вилоят 8739 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ба маблағи беш аз 47 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Раиси вилоят ҳамчунин перомуни дастоварду нуқсонҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва ғайра муфассал сухан ронда, вазифаҳои минбаъдаи стратегиро муайян кард.

Январь 28, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад