Самуэл Это’О: Президент ба ҳимоя бармехезад

Январь 4, 2012 16:25

Душанбе, 4 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тавре ки хабар дода будем, Самуэл Это’О ҳамлагари дастаи мунтахаби Камерун ва «Анҷи» барои саркашӣ ва ширкат накардан дар вохӯрии дӯстонаи дастаи мунтахаби Камерун бо Алҷазоир аз ҷониби федератсияи футболи ин кишвар аз 15 бозии дастаи мунтахаб маҳрум карда шуд. Гайр аз капитани даста Самуэл Это’О дигар бозингарон низ бо ин айб муҷозот шуданд. Бино бар хабари сомонаи footafrica365.fr пеш аз соли нав сарвазири Камерун Филемон Янг раиси федератсия Ия Муҳаммадро ба хузур пазируфта, дастури президент Пол Бийро дар мавриди дидани қазияи Это’О-ро расонид. Аз рӯи тахмини расонаҳо рӯзи 6 январ дар ҷаласаи федератсия ин масъала ҳал хоҳад шуд. Самуэл Это’О метавонад танҳо бо ҷаримаи сабук аз ин масъалаи басо муҳим раҳоӣ ёбад. Вобаста ба ин мавзӯъ муҳофизатгари дастаи мунтахаби Камерун ва «Анҷи» Бенуа Ангбва ва нимҳимоятгари «Олимпиакос» Жан Макун, ки аз ду вохӯрии дастаи мунтахаб ронда шудаанд, изҳор кардаанд, ки то масъалаи Это’О ва Эйонг Эно ҳалли худро наёбад, бозиашонро дар дастаи мунтахаб қатъ хоҳанд кард.

Январь 4, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад