Санҷишҳои комплексӣ бештар шуд

Январь 16, 2012 14:57

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли 2011 21 ҳазору 682 санҷиши комплексӣ — соҳавӣ ва фаврӣ гузаронид, ки нисбат ба соли 2010 4 ҳазору 898 адад ё 25 фоиз зиёд мебошад. Санҷиш муайян намуд, ки садҳо субъекти хоҷагидор ба масоили экологӣ аҳамият надода, ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд. Кормандони Кумитаи мазкур дар маҷмӯъ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи экология 31 ҳазору 203 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ додаанд, ки 70 фоизи онҳо иҷро гардид,- иброз дошт раиси Кумита Талбак Салимов зимни нгишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар маҷлисгоҳи кумитаи мазкур баргузор гардид.Ба гуфти раиси кумита, барои риоя накардани қонунгузориҳои ҶТ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, стандарт ва меъёрҳои экологӣ 1575 парвандаи дар мавриди қонуншиканию ҷиноятҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шудааст, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 22,4 фоиз зиёд аст. Барои қонунвайронкунӣ 18 ҳазору 553 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима шудаанд. Дар 1228 ҳолат зарари ба экология расонидашуда барқарор карда шуд, ки он аз пешравии кор дар ин соҳа далолат мекунад,- афзуд раиси кумита.

Январь 16, 2012 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд