Санадҳои байналмилалӣ дар парлумон баррасӣ шуданд
Душанбе, 3 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 3 январ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд.Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии олудашавии ҳавои атмосфера таҳия гардидааст. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ҷаласаи Шӯро инчунин лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Акрамшо Фелалиев» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Акрамшо Фелалиев» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






