Сармоягузории 7 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ

Январь 31, 2012 11:03

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар айни замон дар қаламрави кишвар дар доираи татбиқи марҳилаи якуми барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ 7 нерӯгоҳ бо иқтидори лоиҳавии 2 ҳазору 44 кВт/ соат аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи тоҷик» ва дигар сармоягузорони ватанию хориҷӣ идома дорад. Дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ 30 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори аз 15 то 4 ҳазору 300 кВт/ соат ба истифода дода шудааст.Ба иттилои манбаъ, иқтидори умумии ин 30 нерӯгоҳ 7 ҳазору 339 кВТ/соат-ро ташкил медиҳад. Тавассути ин нерӯгоҳҳо 2 ҳазору 266 хоҷагӣ, 40 бино ва дигар иншооти маъмурӣ бо нерӯи барқ таъмин гардидааст.

Январь 31, 2012 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад