Сатҳи зиндагӣ рӯ ба беҳбудист
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст,-гуфт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Барои исботи гуфтаҳои худ вазир далел пеш овард, ки арзиши маҷмӯи озуқавории барои истеъмол зарурии аз рӯи маълумоти барои ҳар як хонавода таҳқиқшуда бо нархҳои охири моҳи октябри соли 2011 ба ҳар узви оила дар як моҳ 121 сомонӣ ва дар сурати меъёри истеъмоли оқилона 257 сомониро ташкил дод. Далели дигари пеш овардаи вазир он буд, ки даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2011 аз рӯи маълумоти пешакӣ 11 млрд. 612 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба андозаи 23 фоиз зиёд мебошад. Албатта, дар давоми як сол ба ин андоза боло рафтани сатҳи зиндагӣ далели раднашавандаи рӯ ба беҳбудӣ овардани ҳаёти ҳар як узви оилаи тоҷикистонист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






