Шаҳр обод шуд, аммо…
Хоруғ, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар машварати васеи назди раиси шаҳри Хоруғ натиҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии маркази вилоят дар соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини аввали раиси шаҳр Соҳибназар Холиқназаров зикр намуд, ки гарчи баъд аз истиқлолияти кишвар шаҳри Хоруғ симои худро ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир дода бошад ҳам, вале камбудиҳо дар самти фаъолият надоштани соҳаи сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани ҳолати эпидемиологию санитарии шаҳр ва ғайра ҳанӯз ҳам зиёданд.Ба хотири беҳбудии рӯзгори сокинони шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Тем барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ 65 гектар замин ҷудо гардида, аллакай 117 нафар эҳтиёҷмандон барои бунёди манзил ҷой гирифтаанд. Рӯзҳои наздик ҳамаи аризаву ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони дигаре, ки дарвоқеъ ба ҷойи зист ниёз доранд, аз ҷониби комиссияи махсус санҷида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






