Шаҳрдорӣ тендери иловагӣ мегузаронад

Январь 9, 2012 17:18

Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он тендери такрорӣ ҷиҳати хариди нишастгоҳҳои иловагӣ барои «Наврӯзгоҳи пойтахт» гузаронида мешавад. Дар робита ба ин дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» 6440 нишастгоҳи иловагие, ки аз масолеҳи оҳанини зудҷамъшаванда таҳия шудааст, насб мегардад.Тибқи ин қарор Комиссияи тендерӣ таъсис дода шуда, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни такрории харидро бо иштироки маҳдуди довталабон таъмин менамояд. Тендер 12 январи соли 2012 дар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев-24 гузаронида мешавад.Бояд тазаккур дод, ки «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар ҷои собиқ Ипподроми Душанбе дар масоҳати қариб 28 гектар бунёд шудааст. Иншоот пурра бо маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе сохта шуда, дорои 7 ҳазор ҷои нишаст аст. Дар атрофи «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар масоҳати 15 гектар бунёди боғ шурӯъ гардидааст. Соли равон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон маҳз дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо иштироки сарони кишварҳои форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва давлатҳое, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳи хоса истиқбол мегардад.

Январь 9, 2012 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад