«Ширинихои маишат»
Хуҷанд. 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории фабрикаи қаннодии «Волна»-и шаҳри Оқтоғи ҷумҳурии Қазоқистон корхонаи муштарак таъсис дода шуд. Дар ҶСК «Шириниҳои маишат» 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар коргоҳ асосан истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, ки пештар аз ҷумҳурии ҳамсоя ба кишвари мо ворид мегардид, ба роҳ монда шудааст. Корхона ҳоло 25 намуд маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили зефирҳои ванелӣ ва шоколадӣ, намудҳои гуногуни қанд, мармалод ва мармалод бо рӯйпӯши шоколадиро истеҳсол менамояд. Аҳли коргоҳ дар оянда нақша доранд, ки аз кишвари Русия таҷхизоти нав ворид намуда, истеҳсоли шириниҳои мевагии бо зардолу, олу ва мавизро бо рӯйпӯши шоколадӣ ба роҳ монанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






