Шумораи мухлисони театр меафзояд
Кӯлоб, 31 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Фаъолияти хуби театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар соли 2011 шумораи тамобинонашро зиёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди бозсозии бинои театр дар арафаи 2700 -солагии шаҳри Кӯлоб шароити корӣ ва муҳити эҷодии ҳунармандон беҳтар шуд ва пайваста намоишномаҳои ҷолиб рӯи саҳна меоянд. Дар ин театр беҳтарин ҳунармандон фаъолият доранд ва дар офаридани нақшҳо маҳорати волои касбӣ нишон медиҳанд. Ба намоишномаҳо ҳунармандони ҷавон низ ҷалб карда мешаванд. Аҳли театр мақсад доранд дар соли 2012 намоишномаҳои беҳтарини хешро ба сокинони кишвар пешкаш намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






