Системаи нави бақайдгирӣ дар фурудгоҳ

Январь 23, 2012 14:33

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ба манзури беҳдошти сифати хидматрасонии мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе системаи нави автоматии ба кайдгирии мусофирон ва бағоҷи онҳо (DSC «Астра») ҷорӣ карда шуд. Бинобар ҷорӣ гардидани усули фурӯши чиптаи электронӣ чунин системаи автоматӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Дар фурудгоҳ насб намудан ва мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои системаи DSC «Астра» имкон медиҳад, ки усули бо шакли электронӣ ба қайдгирии мусофирон ва бағоҷи онҳо ташкил карда шавад.Директори генералии ҶС «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2011, ки имрӯз, 23 январ, баргузор гардид, дар ин бора хабар дод.Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин қайд шуд, ки дар системаи бақайдгирӣ тағйирот ворид гардид. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе системаи нави кортӣ ҷорӣ гардид, ки мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, имкон медиҳад, ки назорат, сифат ва самарабахшии кори хадамоти фурурдгоҳ баланд бардошта шавад.

Январь 23, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад