Сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ

Январь 18, 2012 09:45

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2011 бо намояндагони зиёда аз 41 созмони байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо мулоқот доир намуданд. Аз ҷумла, дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2011 бо намояндагони Барномаи Рушди СММ, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), GIZ, МАГАТЭ, Донишгоҳи СММ, ЮНЕСКО, сафирону кормандони дигар сафоратхонаҳо вохӯрӣ анҷом доданд. Мақсад аз ин вохӯриҳо, вусъат додани ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, таҳияи лоиҳаҳо ва татбиқи онҳо дар ин самт буд. Бо ташаббуси кумита як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ташкили экспедитсияи комплексии байналмилалӣ дар болооби дарёҳои Вахш ва Панҷ, баргузории конфронс дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва хавфи офатҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳистон» ва гузаронидани семинар оид ба масъалаҳои «Имкониятҳои рушд, ҳифз ва идоракунии олами ҳайвоноту набототи Помир» гузаронида шуд, ки онҳо бозгӯкунандаи сиёсати экологии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буданд.

Январь 18, 2012 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд