Сохтмони корхонаи тракторсозӣ дар ҶТ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 26 январи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук Олга Анатолевна доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ вазири кишоварзӣ аз рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Беларус изҳори қаноатмандӣ намуд. Инчунин тарафҳо доир ба сохтмони корхонаи тракторсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти содироти трактор ба ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ҳамзамон тарафҳо зимни вохӯрӣ доир ба ҳамкориҳо дар рушди илми кишоварзӣ махсусан омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҳамкориҳо бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, вуруди тухмиҳои селексионӣ ва чорвои хушзот аз Ҷумҳурии Беларус изҳори ақида намуданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки моҳи октябри соли гузашта гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд. Зимни вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим доир ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба имзо расид. Инчунин дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов раиси комиссияи байниҳукуматӣ доир ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ таъин гардида буд. Дар назар аст, ки ҷаласаи аввалини комиссияи мазкур нимаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.








Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






