Соли 2011 беш аз 17 миллион тонна бор интиқол дода шуд

Январь 24, 2012 15:36

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Соли 2011 тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 17 миллиону 654 ҳазору 600 тонна бор ва 164 миллиону 728 ҳазору 500 мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 таносубан 98,3 ва 102,2 фоизро ташкил медиҳад. Вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2011, ки 24 январ баргузор гардид, дар ин бора ба журналистон хабар дод. Вазир ба масъалаи боркашонии байналмилалӣ дахл карда, зикр намуд, ки соли 2011 – ум 49 ҳазору 144 нақлиёти автомобилӣ аз 26 мамлакати хориҷи наздику дур ва 13 кишвари ИДМ ба боркашонӣ машғул буданд. Тавассути онҳо ба ҷумҳурӣ 19 ҳазору 200 тонна бор ва 83 ҳазору 100 мусофир оварда ва аз ҷумҳурӣ 109 ҳазору 200 тонна бор ва 85 ҳазору 700 нафар мусофир бурда шуд. Соли 2011 дар қаламрави Тоҷикистон 17 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ва 4 ширкати мулкӣ, аз қабили ҶC «Тоҷик Эйр», ҶС «Сомон Эйр», ҶС «Ист Эйр» ва ҶC «Осиё Эйрвейз» фаъолият доштанд. Қобили зикр аст, ки ширкати «Ист Эйр» фаъолияташро 23 декабри соли 2011 аз нав давом дода ва ҳоло ҳавопаймоҳои он дар хатсайри «Кӯлоб – Маскав» ва «Маскав — Кӯлоб» парвоз мекунанд.

Январь 24, 2012 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад