«Созандагони Ватан» қатли «Бобои барфӣ»-ро маҳкум мекунад

Январь 3, 2012 17:05

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Санаи 3 январи соли 2012 мачлиси фаврии Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид, ки дар он масъалаи қатли ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбеков мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов зикр дошт, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби ҷавонон ташкил шуда, ҷабрдида низ ҷавон аст, мо бетараф шуда наметавонем ва аз ин хотир аз номи ташкилоти худ изҳорот қабул намуда, ҳодисаи мазкурро маҳкум менамоем. Дар поёни маҷлис изҳорот қабул шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳодисаи нохушеро, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон дар шаби Соли нав дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ҷони як нафар ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбековро рабуд, маҳкум намуда, аз ҷавонони бонангу номус даъват меорад, ки ҳамеша муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар афкору арзишҳои инсондӯстонаи миллати сарбаланди тоҷик халал ворид шавад. Ҷавононе, ки ваҳшиёна ба ин амали номатлуби ғайриинсонӣ даст задаанд, аслан ҷавонони ғофил аз худшиносиву бехабар аз арзишҳои миллии худ мебошанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷонибдори он аст, ки онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда, сазовори ҷазои арзанда гарданд, зеро дар давлати дунявӣ, ки Конститутсия озодии инсон ва шаҳрванд, озодии виҷдонро кафолат додааст, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба озодии касе таъсир расонад.Аз номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба кулли наздикону пайвандони Парвиз Давлатбеков арзи тасаллият баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи поки яздон сабри ҷамил хоҳонем.  

Январь 3, 2012 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт