Тағироти нави кадрӣ дар ҳайати Ҳукумати ҶТ

Январь 24, 2012 17:39

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Шариф Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ширинов Абдуҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҳақназаров Тӯрақул Имомович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуданд. Худи ҳамин рӯз бо фармонҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович ба вазифаи мушовири давлатӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ, Шариф Раҳимзода ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Ширинов Абдуҷаббор ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Январь 24, 2012 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард