Таҳияи барномаи рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон

Январь 26, 2012 17:29

Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз бо мақсади иҷрои супориши Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳияи «Барномаи рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов машварати корӣ баргузор гардид.Оқил Оқилов таъкид намуд, ки соҳаи саноат бахши афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷӯҳи хоссаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.Роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодию саноатии мамлакат вазифадор карда шуданд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат лоиҳаи барномаи «Барномаи рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013»-ро таҳия карда, ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намоянд ва барои ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмондаи ҷумҳурӣ ҷалби сармояи дохилию хориҷиро ба роҳ монанд. Роҳбарони бонкҳои мамлакат вазифадор шуданд, ки барои додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон шароити зарурӣ фароҳам оранд.

Январь 26, 2012 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд