Таҷлили 20 — солагии равобити дипломатии ҶМЧ ва Тоҷикистон

Январь 20, 2012 11:48

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар, Пайрав Назаров). – 17 январ дар Сафорати Тоҷикистон дар ҶМЧ бахшида ба 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар маҷлиси қабул ороста шуд.Сафири Тоҷикистон дар ҶМЧ Рашид Олимов зимни суханрониаш иброз дошт, ки Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, интихоби роҳи мустақилона ва рушди сиёсии иқтисодии онро ба расмият шинохт. Ҳар ду кишвар тайи 20 соли ҳамкорӣ ҳамсояю дӯстони нек ва шарикони боэътимод гардиданд. Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки онро роҳбарони ҳар ду кишвар 5 сол муқаддам имзо намуда буданд, уфуқҳои нави рушди муносибатҳои байни кишварҳоро кушода ва ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф қувваи бузург бахшид. Бо дастгирии ҳукумати Чин дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои калон ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисод, ҳамчунин дар соҳаҳои энергетика, алоқа ва нақлиёт роҳандозӣ шудаанд, — зикр намуд Рашид Олимов.Дар маҷлиси қабул ёвари вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Ма Чжаосюй, роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва аҳли ҷамъият иштирок доштанд.

Январь 20, 2012 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!