Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Душанбе

Январь 25, 2012 15:35

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи тадорукотии Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2012 баргузор гардид.Сарвазири мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ перомуни таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмиллалӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз иштироки ҳайати меҳмонони олимақоми зиёда аз 30 давлати дунё дар назар дошта шудааст ва дар сатҳи баланду омодагии сазовор истиқбол кардани Иди байналмилалии Наврӯз аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо, шахсони масъул ва дар маҷмӯъ, кулли сокинони мамлакат масъулияти зиёдро талаб менамояд.Соли равон нахустин маротиба ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ба истиқболи сазовори ин ҷашни байналмилалӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи тадорукот таъсис шуда, нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ шудааст.Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар кӯтоҳтарин мӯҳлат таҳия намудани барномаи таҷлили Иди Наврӯз ва ташкили чорабиниҳои миллии наврӯзӣ тадбир андешида, ҷараёни омодагиҳоро ба истиқболи ин ҷашн вусъат бахшанд.

Январь 25, 2012 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад