Табобати тарбиятгирандагони Ҳисор дар Суғд

Январь 31, 2012 15:08

Суғд, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар мактаб-интернати низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор 330 нафар тарбиятгиранда, ки ҷисман маъюб буда, гирифтори бемории фалаҷи майнаи саранд, тарбият меёбанд. 50 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор дар моҳи январ дар беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба табобати марҳилаи навбатӣ фаро гирифта шуданд. Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табобат, таъмини дору, маводи тиббӣ ва ғизоии кӯдакон-тарбиятгирандагонро таъмин намуд.Дар давоми се соли охир аз 330 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати низомаш махсуси шахри Ҳисор қариб 200 нафарашон дар ин ҷо табобат гирифта, ҳаракати узвҳои бадан ва нутқашон фаъол гардид, дар фикрронӣ ва роҳгардии ҳар яки онҳо пешравӣ ба назар мерасад. Дар беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар баробари табобат меҳру муҳаббати табибон худ муолиҷаи дигар аст.

Январь 31, 2012 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад