Табобату тавонбахшии кӯдакони маъюб

Январь 11, 2012 12:59

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар соли 2011 аз ҷониби муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 22 450 нафар шаҳрванд аз рӯи ҳамаи самтҳо хизмати иҷтимоӣ расонида шуд. Аз ҷумла, дар шароити статсионарӣ 1547 нафар, дар марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рӯзона 1863 нафар, дар шароити хона 5715 нафар, табобати санаторию курортӣ 2183 нафар фаро гирифта шуда, бо аробачаҳои маъюбӣ 723 нафар, бо протезҳои пою даст, пойафзолҳои ортопедӣ ва асобағалҳо 10 419 нафар таъмин гардиданд. Дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо 1547 нафар бошанда зиндагӣ мекунад, ки дар қиёс бо соли 2010 –ум 44 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 897 нафар мард ва 650 нафар зан мебошад. Аз ҷумла, 200 нафар маъюби гурӯҳи якум, 558 нафар маъюби гурӯҳи дуюм, 108 нафар маъюби гурӯҳи сеюм, 547 нафар маъюби модарзод, 172 нафар маъюби бистарӣ ва боқӣ нафақахӯрон мебошанд. Инчунин дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони “Чорбоғ” ба 20 нафар кӯдаки маъюб дар як баст ба мӯҳлати 21 рӯз табобату тавонбахшӣ расонида, ба модаронашон барои нигоҳубини кӯдаки маъюб дар хона омӯзиш ва маслиҳат дода мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират хабар доданд.

Январь 11, 2012 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад