Тайёрӣ ба Конфроси 5-уми RECCA

Январь 6, 2012 09:41

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Холвар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 26 – 27 – уми марти соли 2012 панҷумин Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA -5) дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар кори конфронс намояндагони беш аз 70 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Тибқи иттилои манбаъ, таҳти роҳбарии муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонов кумитаи тадорукотии конфронси мазкур таъсис дода шудааст. Конфронс масъалаи баррасии лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани нави минтақавиро, ки тавассути қаламрави Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро ба Эрону Покистон мепайванданд, ба миён мегузорад.Лозим ба ёдоварист, ки Конфронси аввалини ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA) соли 2005 дар Кобул соли 2006, дар Деҳлӣ, соли 2009 дар Исломобод ва соли 2011 дар шаҳри Истанбул баргузор шуда буд.

Январь 6, 2012 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд