Тайёркунандаи рақамҳои қалбакӣ дастгир гардид
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Чуноне, ки далелҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир ҷинояткорон дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба хусус ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз машинҳое истифода менамоянд, ки рақамҳои қайди давлатиашон қалбакӣ буда, дар ягон мақомоти дахлдор сабт шудаанд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабард оданд, вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амалиёти махсус гузаронида шуд, ки дар рафти он тайёркунандаи ин рақамҳои қалбакӣ муайян ва дастгир гардид.Вобаста ба ин далелҳо шаҳрванд Муродалӣ Неъматов, соли таваллудаш 1990, зодаи вилояти Хатлон сокини кӯчаи Чапаев -5, донишҷӯи бахши чоруми ДМТ дастгир карда шуд, ки ӯ дар тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди давлатии АХ 7777 рт 01, ЕМ 0007 РТ 01, ВР 0001, ВР 7000 РТ01 даст дошта, иқрор намуд, ки рақамҳои мазкур дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин истифода шудаанд.М. Неъматов ин рақамҳоро дар «Авторемзавод», воқеъ дар кӯчаи А.Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар дӯкони фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва рангуборкунии рақамҳои давлатии автомобилҳо тайёр намуда, бо нархҳои гуногун фурӯхтааст.Аз ҷумла, раками қайди давлатии қалбакии тайёр намудаи ӯ таҳти АХ 7777 дар интиқоли ғайриқонунии беш аз 110 кг маводи нашъадор истифода гардидааст, ки ин амал аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шуд.Нисбат ба ин далел корҳои тафтишотӣ идома дорад.Инчунин бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов тамоми рақамҳои ба қавле «тиллогӣ»- 7777-8888 аз эътибор соқит мешаванд.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






