Талабот ба маҳсулоти пластмассӣ меафзояд

Январь 13, 2012 14:24

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Солҳои охир дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти пластмассӣ, ки дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар иншоотҳои обёрию коммуналӣ, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатию бинокорӣ истифода мешавад, ҳар чи бештар меафзояд. Бинобар ин Вазорати энергетика ва саноати ҶТ якҷоя бо корхонаҳои саноатии кишвар тайи 15 соли охир барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, бунёди корхонаҳои нав, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидани корхонаҳо, дарёфти сармояҳои дохилию хориҷӣ, ҳамчунин ба ҷумҳурӣ ворид намудани таҷҳизоти махсус барои истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 8 корхона ва 4 коргоҳи тавлиди маҳсулоти пластмассӣ фаъолият доранд.Хотирнишон месозем, ки бори нахуст истеҳсоли қубурҳои пластмассӣ соли 1995 дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Завод «Заря Востока» ( «Шафақи Шарқ») роҳандозӣ шуда буд.Соли 2011 корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассӣ 200 воҳиди маҳсулоти истемолии халқро ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ тавлид намуданд.

Январь 13, 2012 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад