Тасдиқи санадҳои байналмилалӣ
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат 19 январ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии парлумон мамлакат баргузор шуд, шаш санади байналмилалиро, ки аз Конвенсия ва Созишномаҳо иборатанд, тасдиқ карданд. Тасдиқи санадҳои мазкур ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад. Ҳамзамон вакилон чор лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва қабул намуданд. Дар асоси онҳо Акрамшо Фелалиев аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бароварда шуда, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардид. Инчунин, ваколати вакил Ҳаёт Одинаев пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуда, аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бароварда шуд. Бояд зикр кард, ки вакили номбурдаи Маҷлиси намояндагон 10 январи соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






