Тасдиқи Созишномаи Гурӯҳи АвруОсиё
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм 19 январ аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ гардид. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Саттор Холов- вакили Маҷлиси намояндагон, зимни ташреҳи санади мазкур гуфтанд, ки Созишнома 16 июни соли 2011 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо мақсади ҳимояи низоми миллии молиявӣ аз унсурҳои вобаста ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм миёни тарафҳои аҳдкунанда ба тасвиб расида, аз муқаддима ва 14 модда иборат аст. Мавриди зикр аст, ки Гурӯҳи АвруОсиё доир ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2004 ташкил шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳ ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар татбиқи чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилоти байналмилалии мубориза бар зидди қонунигардонӣ ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм вуҷуд дорад, маҳсуб меёбад. Алҳол 35 давлати ҷаҳон аъзои созмони мазкур буда, онҳо аз номи кишварҳои АвруОсиё фаъолияти давлатҳои аъзоро ҷиҳати қабули қонунгузорӣ, ҳамкорӣ ва ташкили низоми мубориза бар зидди қонуникунонӣ ва расмикунонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда танзим мекунанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






