Ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ

Январь 16, 2012 11:15

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди беҳ шудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, ташкили хоҷагидорӣ ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст,- иброз дошт раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ М.Зокиров дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Раиси кумита суханони худро бо он асоснок намуд, ки агар дар соли 2010 19 ҳазору 290 гектар замини корам, аз ҷумла 15 ҳазору 297 гектар замини обӣ бо сабабҳои шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, нарасидани об барои обёрӣ ва аз кор баромадани шабакаҳои обдиҳӣ боиси аз гардиши кишоварзӣ мондани заминҳо гардида бошад, дар соли 2011 масоҳати заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда ба 21 ҳазору 923 гектар расидааст. Аз масоҳати заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда 11 ҳазору 128 гектари он ба вилояти Хатлон, 8 ҳазору 751 гектар ба вилояти Суғд ва 2 ҳазору 44 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост омадааст. Вале саволи матраҳ ин аст, ки Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, ки вазифаи он аз таъмин, таъмири шабакаҳои обкашӣ ва расонидани об ба кишоварзон иборат мебошад, дар кори аз гардиши кишоварзи мондани заминҳои обӣ чӣ тадбир андешида бошад, ки он аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ёдовар нашуд?

Январь 16, 2012 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд